Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8 феврали соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. ба хонум Сезин Синаноғлу барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯроимиллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Инчунин дар рафти вохурӣ масъалаҳои омодагӣ барои пешниҳоди Ҳисоботи ихтиёрии (VNR) дар СММ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хонум Сезин Синаноғлу омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои қайдгардида баён намуд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное