Натиҷаи татбиқи СМР
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид ҷиҳати натиҷагирӣ аз раванди татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (СМР)» гузаронидани шарҳи онро дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта буд.
Дар ин замина, дар доираи талаботи услуби гузаронидани шарҳи СМР, бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳим роҷеъ ба дарёфти фикру мулоҳизоти шумораи зиёди коршиносон марбут ба сабабҳои комёб шудан ва ё муваффақ нагардидан ба ҳадафу вазифаҳои муайянгардида, инчунин дастрас намудани сабақҳои андӯхта аз татбиқи СМР, гузаронидани фокус-гуруҳҳо ва назарпурсиҳо муқаррар гардидааст.
Тибқи нақшаи шарҳи СМР, фокус гурӯҳҳо оид ба натиҷаи татбиқи СМР дар бахшҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ислоҳоти идоракунии давлатӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, аз 3 то 10 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор хоҳад гашт.
Аз ин лиҳоз, иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма дар фокус гурӯҳҳо оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи СМР дар бахшҳои дахлдор пазируфта мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телефонҳои 223-03-21 ва 221-64-08 дастрас намоянд.