Навиди Вазорат



Таҷлили рӯзи иқтисодчиён дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

 

7 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо - Завқизода Завқӣ Амин оғоз намуда, баён намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ширкат меварзанд.

Ин буд ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бист соли охир рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 3,4 миллиард сомонии соли 2002 то ба 98,9 миллиард сомонӣ дар соли 2021-ум баробар гардид.

Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021-ум 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ва тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баландтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳнамоии зерини Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор додаанд:

«Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён якчанд нафар кормандони вазорат бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла ба Абдураҳмонзода А. С. - Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Д. Шарифӣ-Сардори Раёсати ҳамкориҳои қтисодии хориҷӣ медали ҷашнии 20-солагии фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай барои рушди ҳамкорӣ ва саҳми арзанда дар доираи созмони номбурда тақдим карда шуд.

Рӯзи иқтисодчиён муборак, ҳамкасбони азиз!