Сафари кории роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Панҷ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум ва вазъи инкишофи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ аз 2 то 11 апрели соли 2022 сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ба ноҳияи қайдшуда анҷом дода шуд.
Нахуст бо иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия ҷаласа баргузор карда шуда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат гурӯҳҳои корӣ ташкил гардиданд ва ба тамоми ҷамоату деҳоти ноҳия сафарбар карда шуданд.
Санаи 3 апрели соли 2022 дар ноҳия таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С. Р. ва бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А., Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва фаъолону сокинони ноҳия Семинар-машварати вилоятӣ оид ба ташкил ва усулҳои мубориза бар зидди малах баргузор карда шуд.
Дар ин раванд бо ташаббуси Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳия 2 дастгоҳи махсус барои нобуд кардани малах, инчунин барои Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия як адад дастгоҳи алафдаравӣ дастрас карда шуданд.
Дар идомаи сафар Завқизода З. А. ба ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия сафар намуда, бо шароити зиндагии мардум, ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ, ҳолати муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг раванди корҳои созандагӣ шинос гардид ва бо сокинон мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳия вобаста ба масъалаҳо иҷрои супоришҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, истифодаи самараноку оқилонаи замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, корҳои ниҳолшинонӣ ва ташкили ярмаркаҳои фурӯши ниҳол корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуд.
Инчунин ба роҳбарият ва кормандони корхонаю муассисаҳо, ҳамзамон ба аҳолӣ дар самти беҳтар кардани вазъи экологӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо ва нуқтаҳои муайян ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи озуқа, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳои соҳаи маориф, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, ашёву лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ, дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар самти таъминот бо катҳо, доруворӣ, таҷҳизот, табибон ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва фаъолияти онҳо дар деҳот дастуру супориҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳангоми вохӯриҳо оид ба мушкилоти мавҷуда аз ҷониби аҳолӣ арз ва таклифу пешниҳодҳо гардиданд, ки қисми бештари онҳо ҳалли худро ёфтанд ва қисми дигар он барои ҳал намудан аз ҷониби Завқизода З. А. дастур дода шуд.
Барои ҳалли пешниҳодҳои дигари сокинон, махсусан дар самти ба кор даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, ки вақти бештар ва маблағгузории калонро талаб мекунанд масъулон муваззаф гардиданд.
Рӯзи 11 апрели соли 2022 маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи 1-уми соли 2022 бо иштироки роҳбарону фаъолон ва кормандони сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ баргузор карда шуда, аз ҷониби Завқизода З. А. дар самти ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилиҳои ҷайдошта ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоту сохторҳои ноҳиявӣ, инчунин роҳбарони гуруҳҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.