Баррасии робитаҳои иқтисодӣ бо сафирон
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Португалия ва Мексика аз мавзуъҳои асосии вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев бо сафирони навтаъйини Ҷумҳурии Португалия ҷаноби Марио Годино де-Матуш ва Иёлоти Муттаҳидаи Мексика ҷаноби Улиси Канчули маҳсуб меёфт, ки рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳия ва имзои созишномаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, имконият ва иқтидорҳои содиротӣ, рушди туризм ва ташкили инфрасохтор, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати дорусозӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.