Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

20 апрели соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълим, бунёди мактабҳои нави замонавӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоии кишвар мебошад.

Инчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.

Дар ин раванд аз ҷониби муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Раҳмонзода А. А., муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Шодихон Ҷ. ва сардори Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илм – Музаффарзода Б. рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин маориф ва илм дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуданд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.