Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

26 апрели соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок ва оқилона истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҷойҳои кории нав, ҷалби сармоя хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, рушди бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.

Дар ин раванд аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Мирзо Хуршед, сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои об – Сафарзода Манучеҳр ва сардори Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати саноат ва технологияҳои нав – Тоҳиров Аҳмад рӯнамои дурнамои соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуданд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.