Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу

.

12 майи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баргузор гардид.

Завқизода З. А. ба хонум Сезин Синаноғлу барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинишуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 тасдиқ шудааст, инчунин пешгирӣ ва бартарафсозии осеби офатҳои табиӣ бинобар сабаби тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Хонум Сезин Синаноғлу омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои қайдгардида баён намуд.