Навиди Вазорат



Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев

.

13 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен   Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо буда, ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд.

Аз робитаҳои ду кишвар, бахусус муколамаи боэътимоди сатҳи олии сиёсӣ ва ҳамкории созанда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардиданд.

Таъкид гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии кишвари мо мебошад ва гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ расид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар самти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ масъалаи таъмини амният дар минтақа баррасӣ гардида, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

http://president.tj/node/28308