Ҳайати Тоҷикистон дар робита ба расонидани ҳамдардию тасалият бинобар даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд
Бо дастури Роҳбари давлат рӯзи 16 майи соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Давлатзода Сулаймон Пирхон, Раиси Маркази исломӣ ва Раиси Шӯрои уламо Абдулқодирзода Саидмукаррам ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Шарифӣ Баҳодур дар шаҳри Абӯ-Дабӣ бо Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён мулоқот намуда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён таъзия ва тасалият расонид.
Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён минатдории бепоёни худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Қайд бояд кард, ки расман санаи 13 майи соли 2022 барқияи изҳори тасаллии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Валиаҳди Абӯ-Дабӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён ва ба Ноиби Президент, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум бинобар даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ирсол гардида буд.