Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи корӣ оид ба муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

18 майи соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 дар шакли рӯнамо баргузор гардид.

 

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.

Сипас аз ҷониби сардори Раёсати дурнамосозӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ – Ҷалолзода М. Ш. дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 дар шакли рӯнамо ба намояндагони вазорату идораҳо муаррифӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамо вазъи иқтисоди ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ, ҷорӣ гардидани бастаи таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба шарикони асосии тиҷоратӣ, инчунин афзалиятҳои стратегии кишвар ва тамоюлҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар семоҳаи якуми соли 2022 ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамзамон муовини якуми Вазири молия – Каримзода Ҷ., муовини Вазири энергетика ва захираҳои об – Шарифа Х., муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Хуршеда Қ., инчунин намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии омор суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро манзур намуданд.