Навиди Вазорат



Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Брюссел иштирок намуд

.

18 майи соли 2022 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Форуми сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар қатори ҳайати кишвар Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.

 

Илова бар ин дар чорабинӣ роҳбарон ва кормандони ширкатҳои бузургтарин кишварҳои Белгия, Швейтсария ва дигар мамлакатҳои Аврупо, инчунин зиёда аз 115 нафар соҳибкорони соҳибноми минтақа, ки дар соҳаҳои нассоҷию бофандагӣ, саноати кӯҳкорӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, саноати сабук, коркарди ҷавоҳирот ва заргарӣ, рушди кишоварзиву бахши саноатикунонии чорвопарварӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ кору фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.

Дар рафти форум асосан масъалаҳо вобаста ба сиёсат ва фаъолияти соҳаи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳо ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт муаррифӣ карда шуд.

Абдураҳмонзода А. С. қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти сармоягузорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Инчунин Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар робита ба дастовардҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар самти сармоягузорӣ, имкониятҳои фаровони мавҷуда дар ҷумҳурӣ, бахусус минтақаҳои озоди иқтисодӣ, лоиҳаҳои татбиқшаванда ва имтиёзҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкороне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоя ворид мекунанд, рӯнамо пешниҳод намуда, аз сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда даъват ба амал овард.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти самрмоягузорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ иқдомҳои заруриро амалӣ намуда, айни замон ҳамчун кишвари ҳаммуаллифи Ташаббуси муштараки ҷаҳонӣ оид ба содагардонии расмиёти сармоягузорӣ, ки дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пешниҳод гардидаст, маҳсуб мегардад.