Навиди Вазорат



Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

25 майи соли 2022 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» баррасӣ гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» – ро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин муаррифӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳадафи асосии қонуни мазкур ташаккули чорчӯба ва низоми ягонаи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ мебошад, ки дар он меъёрҳои зарурии идоракунии банақшагирии стратегӣ муқаррар гардида, раванди банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ аз марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ то амалисозии онҳо ба низом дароварда мешавад. Ҳамзамон зикр намуданд, ки лоиҳаи қонун бо назардошти таҷрибаи андӯхта дар кишвар ва таҷрибаи кишварҳои дар ин самт муваффақ таҳия гардида, чунин бартариятҳо дорад:

 

-     низоми ягонаи банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳиро муайян менамояд;

 

-    ҳамгироии стратегия ва барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллиро бо ҳадаф ва афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои миллӣ (СМР-2030, БМР) таъмин месозад;

 

-    салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатии дахлдорро дар самти таҳия, татбиқ ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегии рушд, инчунин Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;

 

-    дараҷабандии таҳияи ҳуҷҷатҳои стретагии кишварро дар се сатҳ, яъне сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ муайян намуда, масъулини иҷрои чорабинии онҳоро мушаххас менамояд;

 

-    ҳамоҳангии таҳияи ҳуҷҷатҳои стретегии кишварро бо раванди таҳияи буҷет таъмин месозад;

 

-     дар илова ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дигар соҳаҳо ба монанди ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, илмию техникӣ ва дигарҳоро низ фаро мегирад;

 

- давраи амали ҳуҷҷатҳои стратегиро мушаххас менамояд, аз ҷумла консепсия барои на кам аз 20 сол, Стратегия на кам аз 15 сол, Барнома на кам аз 5 сол, Нақшаи амал 1 сол (3 сол дар ҳолати зарурӣ) ва дурнамоҳои давлатӣ барои 1 соли оянда ва параметрҳои он барои 2 соли баъди он.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.