Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Роҳбари намояндаи Samsung C&T Deutschland GMBH

.

26 майи соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Роҳбари намояндаи Samsung C&T Deutschland GMBH Таэ Сок Ким дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо ин ширкат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.

Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, саноат ва сармоягузорӣ, муҳокима намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазоӣ кушод, дӯстона ва созанда доир гашт, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия дар доираи робитаҳои тиҷоративу иқтисоди, чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар соҳаи рушди савдои рақамӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.