Навиди Вазорат



Тамошои дастаҷамъонаи филми «ШИКАСТИ ФИТНА» байни кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

30 майи соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини якуми Вазир, муовинони Вазир, сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторони вазорат тамошои дастаҷамъонаи филми «Шикасти фитна» баргузор гардид.

 

 

Ҳадафи тамошои филми мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони вазорат аз ҳодисаҳои нанговар дар ВМКБ, пешниҳоди далели ҳуҷҷатӣ ва дарки ҳақиқат мебошад.

 

Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат амалҳои душманони миллатро маҳкум намуда, тасмим гирифтаанд, ки далелҳои дар филми мазкур қайдшударо ҳамчун асос барои баланд бардоштани худогоҳии мардум истифода мебаранд.

 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

 

Вале бисёре аз шаҳрвандон махсусан нафароне ҳастанд, ки пайваста ба вартаи мафкураи нопоки сохташудаи афроди нохалаф ворид шуда, дар ин гирдоби нангин ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки хатари ҷиддиро ба давлатдории миллӣ эҷод мекунад, даст мезананд.

 

Филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» ин ошкоркунандаи ҳақиқати нооромиҳои рӯзҳои 14 -18 майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.