Навиди Вазорат



Ҳайати Тоҷикистон дар мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд зери мавзӯи «Баъди Барқароршавӣ: тобоварӣ ва устуворӣ» иштирок намуд

.

 

4 июни соли 2022 мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) зери мавзӯи «Баъди барқароршавӣ: тобоварӣ ва устуворӣ» (Beyond recovery: resilience and sustainability) дар шаҳри Шарм-эл-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кишварии Гурӯҳи БИР аз Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завќӣ Амин дар мизи мудаввар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Гурӯҳи БИР ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср минатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки тибқи рӯнамои пешниҳоднамудаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти таъсири бӯҳронҳои глобалию минтақавӣ паёмади манфии аз ҳама бештар ба кишварҳои камдаромад эҳсос мегардад ва кишварҳои камдаромад нисбати дигар кишварҳо имкониятҳои маҳдуди молиявӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои зиддибуҳронӣ доранд.

Бинобар ин Завқизода З. А. пешниҳод намуд, ки Гурӯҳи БИР фишанги вокуниш ба буҳронҳоро (crisis response window) барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳо-аъзои камдаромад бо пешниҳоди маблағҳои имтиёзнок таъсис диҳад.

Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд посух дод, ки қисман як қатор кӯмакҳои зиддибуҳронӣ пешниҳод мегардад ва иловатан чунин намуд фишанги зиддибуҳрониро барои кишварҳои камдаромад таъсис хоҳанд дод.

Мудирони баъзе кишварҳои дигар низ дар ин чорабинӣ суханронӣ намуданд. Бо ҳамин кори мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи БИР хотима ёфт.