Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ

.

6 июни соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Пеш аз ҳама Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҷаноби Юн Сок Докро барои ба вазифаи нави масъулиятнок таъиншуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳои касбӣ таманно кард. 

Абдураҳмонзода А.С. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфтааст.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея дар соли 2021 то ба 40,9 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ” ва “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ”мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва шумули масъалаҳои тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуда, ҷониби тоҷикистони умедвори дастгирии минбаъдаи ҷониби кореягиро вобаста ба таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо изҳор намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.