Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи ҷашни – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни – Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дар намуди 15 халта орд, 50 литр равған, 50кг биринҷ, 100кг макарон, 50кг шакар, 20кг шоколад, 20кг кӯлчақанд ва 20кг гушти гов расонида шуд.

 

Табрикоти роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тамоми таълимгирандагони Мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод расонида шуда, қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ятимону маъюбонро дастгирӣ ва ғамхорӣ намуда, тамоми шароитро барои онҳо муҳаё намуда истодааст.

Дар заминаи дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳо ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба Тоҷикистони азизу маҳбуб софдилона хизмат намоянд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное