Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Бонки АвруОсиёи Рушд иштирок карда, бо Раиси Бонк вохӯрӣ намуд
24 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР дар шаҳри Нур – Султони Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи солонаи фаъолияти Бонк, баҳогузориҳои аудити байналмилалӣ ва аудити дохилии Бонк, тақсимоти фоидаи Бонк, таъсиси ташкилоти фаръии Бонк ва дигарҳо муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.
Дар робита ба масъалаҳои қайдгардида ҳисоботи Раиси БАОР Подгузов Николай Радиевич шунида шуд.
Қайд гардид, ки новобаста ба таъсири вазъи иқтисодию молиявии глобалию минтақавӣ фоидаи Бонк нисбат ба соли ҳисоботии пештара ду маротиба афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк дар солҳои фаъолияташ 4,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Раиси Бонки АвруОсиёи Рушд Подгузов Николай Радиевич баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БАОР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ ва нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин Завқизода З. А. аз Раиси Раёсати БАОР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шаванд.
Дар навбати худ Раиси БАОР омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, итминон дод, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк афзоиш медиҳад.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БАОР 6 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 51,7 млн. доллар ва аз ҷониби Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР 7 лоиҳаҳои грантию имтиёзнок ба маблағи 215 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.
Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои БАОР дар семоҳаи 2-юми соли 2023 ба нақша гирифта шуд.