Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати тиҷоратии шаҳри Болуи Туркия
28 июли соли 2022 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия Атеш Туркер ва ҳайати тиҷоратии ин шаҳр баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.
Абдураҳмонзода А. С. қайд намуд, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шудааст.
Инчунин қайд гардид, ки Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила 178,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Абдураҳмонзода А. С. таъкид намуд, ки новобаста аз сатҳи хуби ҳамкориҳои кунунӣ байни ду кишвар имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад ва бо мақсади бомаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия Харитаи роҳ таҳия гардидааст.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби туркӣ муаррифӣ гардида, қайд карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сармоягузорон ва истеҳсолгунандагон як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.
Бинобар ин ҷалби ширкатҳо ва корхонаҳои саноатии шаҳри Болуи Туркия ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин мубодилаи таҷриба дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷониби туркӣ низ дар навбати худ қайд намуд, ки фаъолияти корхонаҳои онҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ равона гардидааст, ки маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои кишварҳои аврупоӣ содирот менамоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.