Навиди Вазорат



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ноҳияи Шуғнон

.

 

 

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин аз ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.

Зимни боздид аз ноҳия дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон вохӯрии Завқизода З. А. бо Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаи тақвият додани ҳамкориҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки вазорат омодааст барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидат намояд.

Ҳамзамон дар идомаи боздиди ноҳия Завқизода З. А. аз Осорхонаи марказии ноҳия дидан намуданд.

Бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон аз 18 декабри соли 2019, №215 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2020-2025 мавриди амал қарор дорад.

Дар татбиқи барномаи мазкур 78 чорабиниҳо ба маблағи 93 млн. сомонӣ аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 46,4 млн. сомонӣ (50 фоиз), буҷети маҳаллӣ 1,2 млн. сомонӣ (1,3 фоиз), бахши хусусӣ 26,2 млн. сомонӣ (28,2 фоиз), буҷети вилоятӣ 5,9 млн сомонӣ (6,3 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 19,3 млн. сомонӣ (21 фоиз) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи бомарому самараноки барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.