Навиди Вазорат



Сафари кории Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 августи соли 2022 масъулини вазорат таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода А.А. ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” сафари корӣ ба анҷом расонид. Дар рафти сафар роҳбарияти вазорат аз корхонаҳои амалкунанда ва бунёдшаванда, инчунин рафти сохтмони инфрасохтори минтақаи мазкур дидан намуданд.

Сипас, дар бинои маъмурияти МОИ “Панҷ” ҷаласаи корӣ вобаста ба масъалаҳои рушди минтақа, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ ва истеҳсоли молу маҳсулот ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта баргузор гардид. Дар ҷаласа дар баробари роҳбарият ва сардорони сохторҳои дахлдори Маъмурияти МОИ “Панҷ”, ҳамзамон роҳбарият ва масъулини мақомоти минтақавии гумрук ва андоз низ иштирок намуданд.

Дар фарҷом, аз ҷониби роҳбарияти вазорат ҷиҳати сари вақт ва босифат иҷро намудани нақшаи кории Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” барои соли 2022 ва то охири соли ҷорӣ ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои дахлдор дода шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное