Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати Бонки Исломии Рушд
15 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати Бонки Исломии Рушд Данияр Абилхан ва Данияр Акбасов баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои мушкилиҳои ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи сокинони ноҳияи Панҷ ин норасогии оби полизӣ ва қисман нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, барқарор кардани инфрасохтори ирригатсионии заминҳои номбурда барои таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои корӣ, бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, даромади буҷет ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии 124 ҳазор нафар сокинони ноҳия мусоидат мекунад.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР 86 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн. доллар амалӣ мегарданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Завқизода З.А. аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушдро изҳори минатдорӣ намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён дошт.