Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Со Бёнсу
22 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Со Бёнсу баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфтааст.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” ва афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк, асал ва оби ошомиданӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби кореягӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти имкониятҳои Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими кореягӣ ба иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, техникаҳои барқӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Корея мусоидат намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.