Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея ва Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

25 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок ва Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСA) Джонг Минёнг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З. А. ҷаноби Квон Донг Сокро барои ба вазифаи нави масъулиятнок тайин шуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳои касбӣ таманно кард.

Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфтааст.

Ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, корхонаи лифтбарори, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ намудани Низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба зиёд намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар робита ба ин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба руйхати кишвари афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид гардидааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардид ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.