Навиди Вазорат



Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамчун як ҷузъи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Барномаи мазкур фарогири маҷмуи тадбирҳоест, ки барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ шароит фароҳам оварда, ба ин васила ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар замина мегузорад.

Иҷрои дурнамои маҷмуии нишондиҳандаҳои Барнома барои солҳои 2020-2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар сатҳи 99,8 фоиз таъмин карда шудааст.

Давоми солҳои 2020-2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳазору 402 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардид. Ба 32 ҳазору 358 шаҳрванд ба муддати 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шуд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ва семоҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кори доимӣ мебошад.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳанда ва чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022-ро таъмин намоянд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ”, муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳо Дар хусуси Конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ, Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 ва Дар бораи минтақаи сайёҳии “Роғун” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

http://president.tj/ru/node/29030