Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария
31 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодаи Конфедератсияи Швейтсария Мартин Саладин баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инянцио Касис муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Қайд гардид, ки Швейтсария яке аз шарикони асосии низоми тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли 2022 гардиши савдо дуҷониба 281,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои рушди тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод гардид, ки бо назардошти таъсири омилҳои берунӣ маблағгузории Швейтсария барои дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар карда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.