Навиди Вазорат



Соҳаи тиҷорати рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия муаррифӣ гардид

.

 

Рӯзҳои 5-8 сентябри соли 2022 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба тиҷорати рақамии Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои ИМА (CLDP) баргузор гардид, ки дар он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, Муовини вазири молия Қурбониён Сарвар, Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Зуҳурзода Саид, Муовини якуми раиси Бонки миллӣ Толибзода Фирдавс ва Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Авазхон иштирок намуданд.

Ҷаласа бо иштироки намояндагони сатҳи баланди кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин намояндагони бахши хусусии ин давлатҳо баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ҳадафу афзалиятҳои тиҷорати рақамии минтақавӣ, ҳимояи истеъмолкунандагони тиҷорати электронӣ, муҳити боэътимоди тиҷорати электронӣ, дастрасии молиявӣ барои тақвияти иқтидори иқтисодии занон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Абдураҳмонзода А. С. вобаста ба мавзӯҳои ҷаласа маълумоти пурра пешниҳод намуда, қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳандозӣ намудани тиҷорати рақамӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуданд. Илова бар ин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои рақамӣ қабул гардида, Қонун «Дар бораи тиҷорати электронӣ» дар марҳилаи ниҳоии қабулшавӣ қарор дорад.

Бинобар ин ҷиҳати мусоидат дар татбиқи босамари барнома ва консепсияи қайдгардида, инчунин таҳия намудани лоиҳаҳои марбут ба тиҷорати рақамӣ аз шарикони рушд барои маблағгузорӣ даъват ба амал оварда шуд.

Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд қарор дорад, аз ҷумла сарфи назар аз таъсири манфии пандемияи ҷаҳонии COVID-19 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли 2022 934,4 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 тақрибан 20 фоиз афзоиш ёфтааст.

Инчунин Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ ва бо мақсади тақвияти пештари ҳамкориҳо дар самти тиҷорати рақамӣ дар доираи робитаҳои минтақавӣ як чанд пешниҳодро манзур намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён пазируфта шуд.