Навиди Вазорат



Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид

.

7 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва ҳамраисии Муовини якуми Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Шоувэн дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар 7 моҳи соли 2022 ба 766,1 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 313,9 млн. доллар ё 169,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Хитой дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 18,5 фоизро ташкил намуда, мавқеи 3-юмро ишғол намуд.

Аз ҷумла содироти мол ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳҳои январ-июли соли 2022-юм 245,1 млн. долларро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179,4 млн. доллар ё 3,7 маротиба зиёд мебошад. Воридоти мол бошад ба 521,1 млн. доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134,6 млн. доллар ё 34,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, маориф ва илм, кишоварзӣ, технология ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа бо хушнуди қайд гардид, ки лоиҳаҳои дар доираи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамасола ҷудо мешаванд, аз ҷумла маҷмааи биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумон, роҳҳои дохилишаҳрии Кӯлоб ва Бохтар (марҳилаи дуюм), сохтмони шоҳроҳи Душанбе-Кулма (қисми Қалъаи Хумб-Ванҷ), таҷҳизоти коммуналӣ барои шаҳри Душанбе, воридоти ваксинаи чинии COVID-19 ва дигар лоиҳаҳо барои тақвияти ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ мегарданд.

Зимни суҳбат аз ҷониби Завқизода З. А. ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳои мушаххас дар самтҳои гуногун, аз ҷумла: таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, бахусус нассоҷӣ, истеҳсоли батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо, алюминийи аввалия, ҳамзамон таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои иқтисоди сабзу рақамӣ, инчунин таъсиси паркҳои технологӣ манзур гардид.

Ҳамзамон Завқизода З. А. аз ҷониби хитойи дархост намуд, ки аз 500 млн. долларе, ки дар доираи Саммити роҳбарони Осиёи Марказӣ ва Хитой бахшида ба 30-солагии барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шуда буд, ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва пешниҳод карда шавад.

Музокирот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Протокол ба имзо расонида шуд.