Оғози сафари корӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.
Ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Узбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.
Дар ин маросим Сарвари давлатро намояндагони олимақоми Ҷумҳурии Узбекистон ҳамроҳӣ карданд.
http://president.tj/ru/node/29129