Навиди Вазорат



Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

.

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Дар рафти мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки тайи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, қайд гардид.

Пешвои миллат ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, ҷараёни мусбати афзоиши гардиши мутақобилаи молҳо тасдиқ гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин замина сухан дар бораи мавҷудияти иқтидори калон барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути имкониятҳои бахши кишоварзӣ рафт.

Дар баробари ин, ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” ҳавасмандии зоҳир карданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО Роғун, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО”, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳаллаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ - Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ - Қулма иброз гардид.

Дар ин робита Президенти мамлакат ба дурнамои бузурги ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои металлургия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин ба ташкили паркҳои муштараки саноатӣ ишора карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин изҳор доштанд, ки ҷониби Чин нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Инчунин ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкориҳои амалии минтақавӣ дар чорчӯби механизми «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии  Чин» ҳаматарафа таъкид кард.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.

http://president.tj/ru/node/29132