Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.
Сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ қайд карда шуд. Инкишофи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар ин рӯҳия ба манфиатҳои бунёдӣ ва ормонҳои ду халқи бародар мувофиқ дониста шуд.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои музокироти боварибахш дар сатҳи баланд дар ҷараёни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат изҳори итминон карданд, ки татбиқи мунтазами созишҳои ҳосилшуда ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар ҳама ҷабҳаҳо такони сифатан нав мебахшад.
Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятноки равобити ду кишвар номида шуда, сатҳи баланди гардиши савдои мутақобила қайд карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуда, аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарони давлатҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарии ду кишварро таъкид карданд.
Ҷонибҳо пурмазмун кардани рӯзномаи муносибатҳои дутарафаро бо масъалаҳои нав ба манфиати ду кишвар номиданд.