Вохӯрии Вазир бо Фан Сянжун
11 феврали соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун сурат гирифт.
Дар оғоз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Чин ривоҷ хоҳанд ёфт.
Дар навбати худ Неъматулло Ҳикматуллозода барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.