Навиди Вазорат



Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

.

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд.

Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд ва доираи васеъ баргузор шуд, сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ - Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, сарони кишварҳои меҳмон - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдоган, роҳбарони ниҳодҳои доимии СҲШ - Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористӣ Руслан Мирзоев, инчунин роҳбарони як қатор созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЭСКАТО, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии Авросиё иштирок карданд.

Зимни нишаст дар ҳайати маҳдуд сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар иртибот ба рушди вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тайи ду даҳсолаи охир дар доираи СҲШ имкон пайдо шуд, то намунаи шарикии мутақобилан судманд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи давлатҳои аъзо ва қабули қарорҳо дар асоси тавофуқоти ҷонибҳо таъмин мегардад, ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки имрӯз дар назди Созмон ҳадафҳои масъулиятноки бо саъю кӯшиши муштарак таъмин намудани рушди устувори минтақа истодаанд.

Дар ин зимн масоили тағйирёбии иқлим ва иртибототи нақлиётӣ ба таври хосса таъкид гардид.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки бунёди низоми устувори иқтисодии давлатҳо бе пешбурди «энергетикаи сабз» ва эҷоди инфрасохтори самараноки нақлиётӣ дар ҳудуди СҲШ ғайриимкон аст.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монанд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ба зарурати тақвият бахшидан ба талошҳо барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардид.

Зимни баргузории ҷаласа дар доираи васеъ сарони ҳайатҳо масъалаҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судмандро дар доираи СҲШ бо истифода аз иқтидори давлатҳои нозир ва кишварҳои шарики муколамаи СҲШ баррасӣ намуданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соли гузашта дар нишасти ҷашнии СҲШ дар Тоҷикистон самтҳои стратегии рушди Созмон дар ояндаи наздик муайян карда шуданд. «Дар Эъломияи Душанбе омадааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ҳамчунон меҳвари СҲШ боқӣ монад. Дар шароити имрӯза ин усул аҳамияти хоса дорад», - таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ оид ба масоили амниятӣ Сарвари давлат ба тамоюли хатарноки густариши идеологияи радикализми динӣ ва ифротгароӣ ишора карда, аз кишварҳои аъзои СҲШ даъват ба амал оварданд, ки вазъро муштаракан назорат кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии афзоиши таҳдидҳои амниятӣ амал намоянд. Пешвои миллат ҳамчунин аз афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, аҳамияти ташаббуси таъсиси сохтори алоҳидаи Созмонро оид ба мубориза бо маводи мухаддир қайд карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми соли гузаштаашон дар бораи қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ба сарони ҳукуматҳо супориш дода шавад то ин санадро дар ҷаласаи навбатӣ баррасӣ карда, барои тасдиқи он дар ҷаласаи ояндаи СҲШ чораҷуӣ намоянд.

Дар ҷамъбасти кори ҷаласа сарони давлатҳо аз рӯи масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СҲШ 22 қарор ба имзо расониданд. Аз ҷумла, Эъломияи Самарқандии Шӯрои сарони давлатҳо қабул гардида, Нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои солҳои 2023-2027 оид ба татбиқи муқаррароти Шартномаи ҳамсоягии дарозмуддати нек, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ ва Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди робитаҳои байниҳамдигарӣ ва эҷоди долонҳои самарабахши нақлиётӣ тасдиқ гардиданд.

Бо қарорҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ расмиёти қабули Беларус ба узвияти СҲШ оғоз гардида, ба Баҳрайн, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт мақоми шарики муколамаи СҲШ дода шуд.

Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.

Дар анҷоми суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модиро барои қабули раёсати СҲШ дар давраи оянда самимона табрик гуфтанд.

http://president.tj/ru/node/29153