Иштирок дар маросими оғози татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
20 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода баргузор гардид, ки дар он муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён ширкат варзид.
Стратегияи мазкур дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти меъёр ва принсипҳои қонунгузорӣ, стандартҳои байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардид.
Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо кумаки техникии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, намояндагони бахши хусусӣ, олимон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст.