Мулоқот бо Александр Зуев
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид, Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон, ҷаноби Александр Зуев сурат гирифт.
Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, мин ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамоҳангсози СММ, Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон, ҷаноби Александр Зуев дар навбати худ бо арзи сипосу арҷмандӣ аз пазироӣ афзуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва саривақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.