Иштирок ва суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва тиҷоратӣ давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)
28 сентябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар ҷаласаи 21-уми вазирони иқтисод ва тиҷоратӣ давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки таҳти раисии Вазири тиҷорати Чин Ванг Вентао дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаи мазкур вазирони иқтисод ва тиҷоратӣ кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳоро дар доираи ин созмон яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Санаи 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва 20-солагии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки барои тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои СҲШ нақши муҳимиро гузошт.
Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону кишварҳои СҲШ дар нимсолаи якуми соли 2022 68 фоизро ташкил намуд.
Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд ва бузургтарин шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Россия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд.
Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ҷаласаи мазкур як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар самти иқтисоди рақамиву сабз, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои СҲШ, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту инфрасохтор, логистика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.