Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими ифтитоҳии лоиҳаи «Низоми назоратии ASYCUDA»
4 октябри соли 2022 маросими ифтитоҳии лоиҳаи «Шомил шудан ба низоми назоратии ASYCUDA ва роҳандозии барномаи ислоҳоти фаъолияти низоми гумрукӣ» бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас доданд.
Дар маросими ифтитоҳӣ аз ҷониби намояндаи UNCTAD рӯнамо вобаста ба низоми назоратии ASYCUDA ва афзалиятҳои он пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки ASYCUDA низоми компютерикунонидашудаи идоракунии гумрукӣ буда, расмиёти зиёди савдои хориҷиро дар бар мегирад. Ин низом декларатсияҳои гумрукӣ, расмиёти баҳисобгирӣ, транзитӣ ва интизориро ба таври автоматӣ коркард карда, инчунин рамзҳо ва стандартҳои аз ҷониби Созмони Байналмилалии Стандартизатсия ва Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ таҳияшударо ба тасвиб мерасонад.
Дар охир Котиби Генералии UNCTAD хонум Ребекка Гринспан аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.