Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо
5 октябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Марясин вохӯрӣ намуд, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Завқизода З. А. иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ қайд намуданд, ки дар ояндаи наздик сиёсати давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бояд дар се самт - пешбурди содирот, диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо амалӣ карда шавад.
Инчунин вобаста ба сатҳи ҷории ҳамкориҳои мавҷудаи Тоҷикистон бо UNECE, лоиҳаҳои татбиқшаванда аз ҷониби UNECE, бахусус дар чаҳорчӯбаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА), барномаву ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти амалигардида дар самти савдо, аз ҷумла Портали савдои Тоҷикистон, низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Стратегияи рушди иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» маълумот пешниҳод гардида, иштироки UNECE дар татбиқи онҳо зарур арзёбӣ карда шуд.
Ҳамзамон ба UNECE пешниҳод карда шуд, ки дар татбиқи уҳдадориҳои гирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар пешбурди фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо мусоидат намоянд.
Ҷониби UNECE низ дар навбати худ аз дастовардҳои ҷониби кишвари мо истиқбол намуда, пешниҳодҳои тарафи Тоҷикистонро пазируфт ва қайд кард, ки воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СПЕКА ягона кишваре мебошад, ки дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва лоиҳаҳои татбиқшаванда кушиш намуда, ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо дар минтақа нақши фаъол дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.