Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарияти сохторҳои давлатию хусусии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ вохӯриҳо анҷом дод

.

Рӯзҳои 17-19 октябри соли 2022 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамраиси қисми Тоҷикистони комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Завқизода Завқӣ Амин дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) Cон Ҳюк-Санг, Президенти Агентии пешбурди савдою сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ (KOTRA) Ю Ҷонг Йол, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сух Бюнгсу, роҳбарияти бонки содиротию воридотӣ (EXIMBANK), Вазорати савдо, саноат ва энергетика ва ширкати роҳи оҳани миллӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, нассоҷӣ, панелҳои офтобӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонии иқтисодиёт, сохтмони IT Park, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ мунтазам рушд ёфта, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар 5 соли оянда дохил карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ бо Президенти KOICA барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси намояндагии доимии KOICA дар Тоҷикистон минатдорӣ баён гардида, дархост шуд, ки дар вазъи мураккаби глобалии иқтисодию молиявии имрӯза маблағгузориҳои лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд карда, барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.

Ҳангоми баргузории вохӯриҳо бо Президенти KOTRA, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ ва роҳбарияти Вазорати савдо, саноат ва энергетика қайд карда шуд, ки имкониятҳои тиҷоратию сармоягузории ҳарду кишвар пурра истифода нашудаанд ва бинобар ин дархост гардид, ки барои ба маротиб зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба ва ҷалби сармояву технологияи Кореяи Ҷанубӣ иҷрои пурраи ёддошти тафоҳуми ба наздикӣ баимзорасида таъмин карда шавад.

Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки барои муаррифии имкониятҳои мавҷудаи кишвар ба ширкатҳои кореягӣ, ҷалби ширкатҳои кореягӣ оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ифтитоҳи намояндагии доимии ташкилоти KOTRA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодгардида кӯмак намоянд.

Дар рафти вохӯрӣ аз роҳбарияти бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ (EXIMBANK) дархост карда шуд, ки маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёд намояд.

Дар вохӯрӣ бо директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ таъмини иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳуми баимзорасида оид ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони Метро дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуда, дархост гардид, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи оғози гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз ду соли пешнибинигардида то ба як сол кӯтоҳ карда шавад.

Инчунин дархост гардид, ки вобаста ба гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи поён ва қитъаи роҳи оҳан аз хати роҳи оҳани Кӯлоб то минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб мусоидат карда шавад.

Ҳайати расмии Тоҷикистон имкониятҳо ва бартариҳои бузурги истеҳсолию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба монанди рушди иқтисодии баланд, қувваи кории рақобатпазир, қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаву арзон, ашёи хоми фаровон, иқлими мусоид, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва бозори калони минтақа муаррифӣ намуда, даъват ба амал овард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, таҷҳизоти электрикӣ, панелҳои офтобӣ, батареяҳо ва мошинҳои электрикӣ, фармасевтӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пашму пуст ва моҳипарварӣ таъсис диҳанд.

Дар ҷамъбасти вохӯриҳо ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, дар самтҳои қайдшуда омодагии худро баён намуданд.