Навиди Вазорат



Барномаи омӯзишӣ оид ба идоракунии тиҷорати фаромарзӣ барои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

.

Рӯзи 24 октябри соли 2022 чорабинӣ вобаста ба барномаи омӯзишӣ оид ба идоракунии тиҷорати фаромарзӣ барои соҳибкорони кишвар дар доираи лоиҳаи «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки онро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ифтитоҳ намуд.

Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, тиҷоратӣ электронӣ, масъалаи гендерӣ ва савдои наздисарҳадӣ, ки самтҳои асосии лоиҳаи мазкур мебошанд, як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ҳамчун майдони хуби ҳалли масъалаҳои бахши хусусӣ таъсис дода шуда, 26 апрели соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон ва 1 сентябри соли 2020 «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкорони ватанӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ якчанд санаду барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои рақамӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» қабул карда шуданд.

Бинобар ин Абдураҳмонзода А. С. баргузории давраи омӯзиширо бо назардошти татбирҳои амалигардида ва иҷрои вазифаву афзалиятҳои санадҳои қайдгардида дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии соҳибкорон, тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва дар натиҷа афзоиши гардиши савдои хориҷии кишвар иқдоми саривақтию зарурӣ арзёбӣ намуд.