Тақвият додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷопон
22 октябри соли 2022 вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва ноиби якуми Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) хонума Имото Сачико баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳо бо Ҷопон якҷо бо Роҳбарияти Олии Ҷопон саҳми арзанда доранд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар тавассути агентии мазкур, аз ҷумла зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Ҷопон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисоди сабз ва иқтисоди рақамӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикӣ ва рушди сайёҳиро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои агентӣ дар Тоҷикистон ва рушди сармояи инсонӣ ақидаронӣ карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ мулоқот бо Директори кулли Департаменти Осиёи Шарқию Маркази ва Кавқози Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Накадзато Таичи ва ҳайати роҳбарикунандаи он сурат гирифт, ки дар доираи он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти барномаи омӯзишӣ оид ба мониторинг ва арзёбии барномаҳои сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ баррасӣ гардиданд.