Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини якуми Вазири корҳои маъмурӣ ва коммуникатсияи Ҷопон

.

24 октябри соли 2022 вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Муовини якуми Вазири корҳои маъмурӣ ва коммуникатсияи Ҷопон хонума Оми Асако баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳо бо Ҷопон якҷо бо Роҳбарияти Олии Ҷопон саҳми арзанда доранд.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, бахусус дар самти савдои мутақобила ва сармоягузорӣ баррасӣ гардида, тақвияти робитаҳои минбаъда низ муҳокимаронӣ гардид.

Ҳамзамон дар самти робитаҳои такмили низоми мубодилаи таҷриба оид ба мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Омӯзиши таҷрибаи Ҷопон дар ин самт барои такмили низоми мавҷуда дар кишвар аҳамияти хосса дорад.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.