Навиди Вазорат



Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари Шӯрои соҳибкорию сармоягузори Тоҷикистону Амрико иштирок намуд

.

27 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари Шӯрои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) баргузор гардид, ки дар он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ роҳбарон ва масъулоти вазорату идораҳои кишвар ва аъзои Шӯрои соҳибкории Тоҷикистон-ИМА, инчунин ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ, аз қабили General Electric, Coca-Cola, Valley irrigation ва VISA иштирок намуданд.

Абдураҳмонзода А. С. дар қатори дигар маърӯзачиён оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Амрико баромад намуда, қайд намуд, ки дар асоси роҳнамоиҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо ИМА рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд қарор дошта, ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.

Илова бар ин Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар робита ба вазъи кунунии робитаҳои тиҷоратӣ, бахусус гардиши савдои хориҷӣ байни тарафҳо дар солҳои охир, лоиҳаҳои муштараки татбиқшаванда, дастовардҳои амалигардида дар кишвар баҳри беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва тақвияти робитаҳо дар самти савдо бо назардошти зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкориҳо маълумот пешниҳод намуда, иштироки ҷониби амрикоро дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла санадҳои марбут ба иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо мувофиқи мақсад донист.

Инчунин ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Амрико баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иловаи «Ҷексон-Веник» ва истифода аз имтиёзҳои Низоми умумии бархурдории тиҷорати ИМА (US GSP) зарур арзёбӣ карда шуд.