Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии табодули иттилоот дар занҷирҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ

.

31 октябри соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии мубодилаи маълумот дар занҷираҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Конфронсро Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашад Набиев якҷо бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Олга Алгаёрова ифтитоҳ намуда, дар кори он муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, инноватсияву рақамикунонӣ ва намояндагони доимии кишварҳои аъзои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Абдураҳмонзода А.С. қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори кишвар як қатор санадҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Консепсияи ҳукумати электронӣ, қонунҳо «Дар бораи имзои рақамӣ», «Дар бораи савдои электронӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Инчунин дар доираи Конфронси мазкур вобаста ба нақши стандартҳои СММ дар рақамикунонии мубодилаи маълумоти тиҷоратӣ, истифода аз технологияҳои инноватсионии рақамӣ, содагардонии расмиёти тичорати фаромарзӣ, ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои транзитӣ ҳангоми интиқоли борҳо байни кишварҳои аъзои СПЕКА ва таҷрибаи беҳтарин дар ин самт бо истифода аз кӯмакҳои шарикони рушд мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.

Илова бар ин дар чорабинии мазкур истифодаи стандартҳои байналмилалии СММ (СЕФАКТ СММ) дар самти рақамикунонӣ ва ҳамоҳангсозии низомҳои «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётҳои содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» байни кишварҳои аъзои СПЕКА зарур арзёбӣ гардид.

Дар натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба табдилдиҳии рақамии табодули иттилоот дар занҷирҳои таъминот бо истифода аз стандартҳои СММ қарор қабул гардид, ки тавсияҳо ва пешниҳодҳо барои баррасӣ ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА пешкаш гардад.