Ташриф ба префектураи Кочии Ҷопон
Дар идомаи сафари корӣ 31 октябри соли 2022 Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Муовини губернатори префектураи Кочи ҷаноби Инуе Ҳироюки мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҳамкориҳо оид ба омузиши татбиқи барномаи рушди саноати префектураи Кочи барраси гардида, зикр гардид ки барномаи мазкур ҳамчун барномаи муваффақ дар Ҷопон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки омӯзиши ин таҷриба ба амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.