Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.
Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.
Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.
Имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.
Ин санади муқаддас, яъне Конститутсия воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат кард ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ қабул намуд.
Воқеан, яке аз меъёрҳои асосии Конститусияи мо таъмин намудани иштироки васеи шаҳрвандони кишвар дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад.
Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститусия мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ин масъала дар 34 моддаи он ё аз се як ҳиссаи Конститутсия дарҷ гардидааст.
Арзиши олӣ эътироф шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи демократӣ ва асоси фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба шумор меравад.
Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар омилҳо, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи мо, ҳамчунин, ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Аз ин рӯ, Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ҳисси эҳтирому гиромидошт нисбат ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва албатта, Конститутсия дар зеҳну шуури наслҳои наврас ҳанӯз аз хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардидани меъёрҳо ва арзишҳои Конститутсия минбаъд низ саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона созем, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.
Бори дигар хурду бузурги мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳистиқлол табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тансиҳативу осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Доим саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
http://president.tj/ru/node/29524