Навиди Вазорат



Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8 ноябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Доминик Фавре оид ба кишварҳои Тоҷикистон, Швейтсария, Лаҳистон, Сербия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Завқизода З. А. Доминик Фавреро ба муносибати ба вазифаи Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ таъин шуданаш табрик карда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои Бонки Ҷаҳониро ҳамчун шарики рушди боэътимод барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.

Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъсири пайомадҳои манфии буҳронҳои глобалию энергетикии имрӯза ва тағйирёбии иқлим маълумот дода, аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ дархост намуд, ки барои бомаротиб зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон, нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО Роғун, татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное