Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии воридотии Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунсао иштирок намуд
Рӯзи 4 ноябри соли 2022 Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии воридоти Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунсао тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.
Чорабиниро Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ифтитоҳ намуда, инчунин дар кори он намояндагони сатҳи баландпояи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Шрӣ-Ланка, Маврикий, Мозамбик, Беларус, Гаяна, Ҷазираҳои Саламон ва директорони генералии ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Хазинаи байналмилалии асъор ва Ташкилоти рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзида, дар робита ба низоми савдои бисёрҷониба суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонӣ ва хизматрасонии ширкату корхонаҳо, рушди фаъолияти бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар шароити кунунии ҷаҳонӣ, инчунин ба афзоиши мубодилаи мол дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд.
Қайд бояд кард, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар бахусус ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба сатҳи сифатан нав баромаданд.