Навиди Вазорат



Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023

.

Санаи 23 ноябри соли 2022 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 таҳти №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардида, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намудаанд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои қарори қайдгардида ҳисоботи худро ҳармоҳа ирсол менамоянд ва вазорат гузориши ҷамъбастиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон, бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа Муовини Сарвазир оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур вобаста ба маблағгузорӣ барои хариди маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш ибрози назар карда шуд.

Дар охири ҷаласа муовини Сарвазири кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои қатъӣ дода шуданд.